DOLAR 33,9564 0.3%
EURO 37,9819 0.47%
ALTIN 2.734,610,01
BITCOIN 20687772,63%
İstanbul
27°

AÇIK

13:13

ÖĞLE'YE KALAN SÜRE

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган
  • France Gezetesi
  • Siyaset
  • Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

ABONE OL
29 Mayıs 2023 12:36
Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган
0

BEĞENDİM

ABONE OL

 

 

 

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

29.05.2023 , шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

 

 

 

Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Туркия табрик ва таҳният гуфта, таманниёти неку самимии худро мерасонам.

Натиҷаҳои ин чорабинии муҳими сиёсӣ боз як далели эътимоди ҷомеаи Туркия ба Шумо ва аз ҷониби он ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати созандаатон мебошад, ки ба рушди пойдори кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷуҳи пайвастаи Шуморо ба раванди густариши робитаҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистону Туркия таъкид намоям.

Бовар дорам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳоро идома бахшида, ба нафъи мардумонамон мазмуну муҳтавои муносибатҳои шарикии дарозмуддати ду кишварро бо тадбирҳои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.

 

 

 

 

Ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳатмандии комил ва комёбиҳо дар роҳи татбиқи ниятҳову иқдомҳоятон ҷиҳати пешрафти минбаъдаи кишваратон, ба мардуми бародари Туркия сулҳу амонӣ ва шукуфоии бардавом орзумандам».

facebook

Kaynak:http://www.president.tj/node/30764?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

Fotoğraf kaynak:https://mfa.tj/tg/main

 

 


HIZLI YORUM YAP

SON DAKİKA HABERLERİ

Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.

Arabic AR Azerbaijani AZ Chinese (Simplified) ZH-CN Dutch NL English EN French FR German DE Italian IT Kazakh KK Kyrgyz KY Portuguese PT Russian RU Spanish ES Tajik TG Turkish TR Uzbek UZ